- чашма
- [چشمه]1. обе, ки бо роҳи табиӣ аз зери замин ҷӯшида мебарояд, ҷои ҷӯшида баромадани об аз зери замин; чашмаи маъданӣ чашмаи оби маъдан; чашмаи ҳайвон д. мувофиқи таълимоти дини ислом чашмаи афсонавиест, ки Ҳазрати Хизр аз оби он нӯшида, умри абадӣ ёфтааст, чашмаи ҳаёт, чашмаи Хизр; чашма барин ҷӯшида баромадан фаровон ҷорӣ шудан2. маҷ. манбаъ, саргаҳ, ҷои пайдоиши чизе
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.